ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН АМАЛИ ШОИСТА АСТ.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ дар сиёсати пешгирифтааш  дастгирии қишри ниёзманди аҳолиро яке аз самтҳои аввалиндараҷа арзёбӣ намуда, дар ҳама маврид  онҳоро дастгирӣ менамоянд.

   

Субҳи имрӯз Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  Амирзода Мақсуд  ва Раиси Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх Солеҳов Маҳмадрасул аз ҳисоби садақаҳои фитр ба қишри ниëзманди ҷомеа чорвоҳои наслдеҳ аз тарафи раисони маҳаллаҳо ва имомхатибону имомони масҷидҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх тақдим карда шуд.