СОКИНОН ДАР ОБОДОНИИ ДЕҲАИ ХУД САҲМ МЕГУЗОРАНД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2026 таҷлил карда мешавад дар ҳудуди ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дорад. Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияи Ёвон кушиш намуда истодаанд, ки дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ пешсаф бошанд. Ин навбат сокинони  саодатманди деҳаи Калфи Сабади  Ҷамоати деҳоти Ситораи  Сурх тасмим гирифтанд то дар пешрафти ватани азизамон саҳми худро гузоранд.

Бо ин мақсад бо саҳми сокинони деҳа ва ҷавонони ватнадӯсти маҳал барои сокинони деҳаи худ дар масофаи 4 км обёри карда шуд. Ин иқдом дар доираи аксияи ҳизбии зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” роҳандози карда шуда, ҳамчунин дигар корҳои созандаги дар деҳаи мазкур идома дорад. Дар ҳашари мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, ин иқдоми гирифтаи саҳми маҳал идомаи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии кишвар шуморида, ба аъзоёни ташкилот изҳори сипос намуданд.