РОҲИ МО РОҲИ ВАҲДАТ, САОДАТ ВА МУҲАББАТ  АСТ...

Ёвон: Вокуниш  

 

Истиқлолият ба ҳар як сокини ватани азизамон неъмати бебаҳост ва он ифодагари рамзи саодат, озодӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва соҳибватанию соҳибдавлатӣ  мебошад, ногуфта намонад, ки дар як муддати кӯтоҳи тахрих аз байн бурдани мушкилиҳои зиёд ва бо қадамҳои устувор ба ҷодаи рушд ворид гардидан бо сиёсати гуногунҷабҳа ва бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи зич дорад. Имрӯз Тоҷикистон ва миллати тоҷикро ҷаҳон шинохтаву эътироф намудааст. Ин аст, ки имрӯзҳо мардуми сарбаланди кишвар дар фазои сулҳу субот тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуда истодаанд.

  Вале ин пешрафти ҷабаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба гурӯҳҳои нотавонбини ифротӣ ва террористӣ хуш намеояд. Ин аст, ки дур аз Ватан таҳти роҳбарии хоҷагони хориҷии худ аъзои ҲНИТ ва ҳаммаслаконашон  халалдор сохтани зиндагии осоиштаи миллати тоҷикро бо ҳар роҳ амалӣ сохтанианд. Онҳое, ки аз тоҷик ном бураданашон шарм медорему бо шунидани баромадҳояшон ба ғазаб меоем, мисли ҳашарот дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанду бо ин восита мехоҳанд ҷавонону наврасонро ба доми фиреби худ андозанд. Барои онҳо таърих, тамаддун, ифтихори миллӣ, обрӯйи падару модар, пайвандону наздикон аҳамияте надораду танҳо манфиати худро меандешанд, онҳо гумон доранд, ки ба мақсадҳои ғаразноку нопоки худ расида метавонанд, вале ин хаёлест пучу бемаъно, зеро миллати тоҷик худогоҳу худшинос будаву соҳиби нангу номуси қавӣ аст, барои нигоҳ доштани сулҳу суботи Ватан талош дорад ва ифтихор мекунад, ки дар чунин як кишвари биҳиштосо зиндагӣ дораду фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон  - роҳбари хирадманду халқпарваре  ӯро  роҳнамоӣ  дорад. Дигар касе ва чизе наметавонад иродаву матонати ин давлату миллатро бишканад, зеро роҳи мо роҳи Ваҳдат, Саодат ва Муҳаббат нисбат ба обу хоки Ватани азиз-Тоҷикистон ва сокинони он аст.

Ба нотавонбинони миллат, муроҷиат карда мегӯям, ки дур нест, он рӯзе, ки пушаймон мешаведу орзуи баргаштан ба кишвари биҳиштосои Тоҷикистон мекунед, вале на танҳо сокинони ин кишвар, балки ин хоки муқаддас, ин сарзамини нотакрор шумо баринҳоро ҳеҷ гоҳ нахоҳад бахшид.

Темурзода Фарзона – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон