ТАҚДИМИ ДИПЛОМ ВА МЕДАЛ БА ҒОЛИБОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамасола саннаи 10 декабр рӯзи таъсисёбии ҲХДТ дар саросари Тоҷикистони азизамон таҷлил карда мешавад. Имсол аз ин санаи фархунда 29 сол сипари мешавад. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ин рӯзи таърихӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар асоси дастурур супоришҳои ниҳодҳоии болоии ҳизб нақша ҷорабиниҳо омода карда шуда, дар доираи он чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ бо маром идома дорад. Дар рафти иҷрои бандҳои нақшаи мазкур миёни донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои ноҳия мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд ба роҳ монда шудааст. Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи мазкур 4 даста иштирок менамоянд.

Дар рафти мусобиқаи варзишӣ намояндагони сохтори ноҳиявии ҳизб иштирок намуда, вобаста ба фаъолияти пурсамари ҲХДТ дар давраи 29 соли фаъолият суханрони намуданд. Қайд карда шуд, ки ҲХДТ зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, барои беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон бо Ҷом, медал ва сипосномаҳои Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд.