БУНЁДИ ДАРВОЗА ВА ТАЪМИРИ РОҲҲО

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар доираи истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 30-солагии таъсисёбии Рӯзи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад. Чунин иқдомҳои созандагӣ дар доираи ин санаҳои муҳими таърихӣ  дар ноҳияи Ёвон аз ҷониби аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия дар доираи Аксияи ҳизбӣ "Якҷоя месозем!" бо маром идома дорад. Аз ҷониби аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар деҳаи Анористони Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳия  бо мақсади истиқдол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ роҳи дохили деҳа дар ҳаҷми зиёда аз 2 киллометр асвалтпӯш карда шуда,  тамоми кӯчаҳо пурра чароғон карда шуд. Қубурҳои ду тарафи  роҳ битопуш ва таъмир гардида, ҳамчун рамзи эҳтиром ба маҳалдорӣ дарвозаи замонаӣ насб карда шуд. Ҳизбиёни ноҳия иқдомҳои созандаи сокинони маҳалларо бориз ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, туҳфаи ҷашнӣ ба ифтихори ин ду санаи таърихӣ арзёбӣ намуданд.