БУНЁДИ МУАСИССАИ ТАЪЛИМИИ ДУОШЁНА

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рушди соҳаи маориф, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ имрӯз дар ноҳияи Ёвон зери таваҷҷуҳ ва роҳбарии  узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раиси ноҳияи Ёвон Шарифӣ Бахтиёр  қарор дошта, ҷонибдорону аъзоёни ҲХДТ дар таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ саҳми шоиста доранд. Чунин як муассисаи хуштарҳу замонавӣ, иборат аз ду ошёна дар ҳаҷми 16 синфхонаҳои кушоду барҳаво бо саҳми маҳал ва дастгирии раиси ноҳияи Ёвон Шарифӣ Бахтиёр бунёд гардида истода, барои хонандагони деҳаи Ваҳдати шаҳраки Ҳаёти Нав беҳтарин туҳфаи ҷашни ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.  Бунёди биноҳои нави таълимӣ дар ноҳия аз ҳадафҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои таъмини хонандагон бо шароити муосири илмомӯзӣ ва беҳтар кардани сифати таълиму тарбияи насли наврас мусоидат мекунад.