АМАЛӢ ГАШТАНИ АМАЛИЁТИ "МАКТАБИ МАН" ДАР МТМУ № 21

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Амалиёти "Мактаби ман" ташаббуси навбатии ҳизбиён буда, имрӯзҳо дар ҳамбастагӣ бо сохтори илм ва маорифи кишвар дар сатҳи кишвар амалӣ гардида истодааст. Амалиёти мазкур дар ноҳияи Ёвон дар як муддати кутоҳ ҳамовозии зиёд пайдо намуда, миёни собиқ хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ  корҳои зиёди созандагиро ба бор овардааст. Чунин як иқдоми  созандагӣ аз ҷониби собиқ хатмкунандагони МТМУ № 21, Ҷамоати деҳоти Норин дар як сатҳи баланди ташкилӣ ва оммавӣ ҷараён дошта, имрӯзҳо  собиқ хатмкунандагон аз ҳисоби маблағҳои пасандози худ зиёда  аз 25 синфхонаи муассисаи таълимӣ пурра ва бо сифати аъло аз таъмир бароварда шуда, дар синфхонаҳо мизу курсӣ ва тахтаҳои синфӣ насб карда шудааст. Дарҳо ва тирезаҳои синфхонаҳо пурра замонавӣ карда шуда, дар синфхонаҳо барои равшаннамоӣ чароғҳои замонавӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои муосир насб карда шудааст. Ҳизбиёни ноҳия зимни боздид аз рафти корҳои анҷомёфта, барои саҳмгузорӣ дар иқдоми ҳизбӣ ба хатмкунандагони муассисаи мазкур изҳори ташаккур намуданд.