СОХТМОНИ СИЛСИЛА-БИНОҲОИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27, ки имрӯз лоиҳаи бунёди он ба раиси ноҳия Бахтиёр Шарифӣ муаррифӣ карда шуд, дар масоҳати қариб 0,8 га сохта мешавад.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ноҳияи Ёвон бо саҳми мақомоти иҷроия ва ҷалби соҳибкорон то ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 биноҳои наву замонавӣ бо 8 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода дода мешавад, ки ин талаботи маҳаллаҳои ноҳияро барои бо ҷойи нишаст таъмин кардани хонандагон пурра қонеъ мегардонад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди иншоот, майдонча барои машқҳои варзишӣ, нуқтаи назоратӣ, синфҳо барои таълими меҳнати духтарон ва писарон, синфхонаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ, маҳорати ҳарбӣ, компютерӣ, рассомӣ, мусиқӣ, озмоишгоҳҳои физика, кимиё ва биология, сохта мешавад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳои сохтмон раиси ноҳия Бахтиёр Шарифӣ ба масъулин барои иҷрои корҳои босифати сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Бунёди биноҳои нави таълимӣ дар ноҳия аз ҳадафҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои таъмини хонандагон бо шароити муосири илмомӯзӣ ва беҳтар кардани сифати таълиму тарбияи насли наврас мусоидат мекунад.