ПАХТА САФЕДИИ КОР ВА НЕЪМАТИ ДАСТИ ДЕҲҚОН АСТ.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рӯзи 16 август дар ноҳияи Ёвон чиниши пахта, ки тиллои сафедаш гӯянд, оғоз гардид. Дар ифтитоҳи ин маъракаи муҳим Раиси ноҳия, узви Раёсат ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Бахтиёр Шарифӣ ширкат варзида, якҷоя бо деҳқонони деҳоти Чоргул мавсими имсолаи пахтачиниро шурӯъ карданд. Муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ аз майдонҳои пахтазор ва кишти такрорӣ дидан карда, изҳор доштанд, ки бо истифода аз ҳама шароиту имкониятҳо ва бо такя ба нерӯ ва иродаи кишоварзони матиниродаи ноҳия талош меварзанд, ки нақшаи ҳосилғундорӣ дар мавсими ҷорӣ саривақт иҷро гардад. Умедворем, ки деҳқонони зафарманди ноҳияи Ёвон ҳосили бо ҳазорон ранҷ парвардаи хешро дар муҳлати муайянгардида беталаф ҷамъоварӣ намуда, аз иҷрои он мужда медиҳанд.