ҶАВОНОН ИХТИЁРӢ БА ХИЗМАТИ ВАТАН-МОДАР МЕРАВАНД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дарҷараёни баргузории корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонони синни даъватӣ оид ба сафарбаркунии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  сарбози ихтиёрӣ Фатҳуллоев Фатҳулло ва як нафар дӯсти ӯ, сокини Ҷамоати шаҳраки Ёвон, маҳаллаи М. турсунзодаи ноҳияи Ёвон  барои сафарбар намудан ба сафи Артиши миллӣ ва адои хизмати ҳарбӣ ба Кумитаи иҷроия муроҷиат намуд.

Абдуллозода Саёҳат муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон зимни сӯҳбат бо сарбози ихтиёрӣ иброз доштанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони бедордилу ватандӯст бояд хизмати Ватан -Модарро ба ҷо биёрад.

Дар идома Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ба даъватшавандагон тибқи аризаи шахсии худ ба сафи ҲХДТ шомил карда шуда, ба онҳо Шаҳодатномаи сарбози ихтиёрӣ тақдим карда шуда, ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуданд.