КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №17-И НОҲИЯИ ВОСЕЪ АНҶОМ ЁФТ.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ бо саҳмгузории аъзоёни  фаъоли ҳизбӣ ва кумитаи падару модарон дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”, ки иҷрои он аз ҷониби  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дастур дода шудааст, корҳои таъмиру азнавсозии муассисаи мазкур ба анҷом расид. Айни замон синфхонаҳо, даҳлезу роҳравҳо, саҳн ва беруни муассисаи мазкур пурра таъмиру азнавсозӣ  гардида, барои соли хониши нав омода аст.

Муҳайё намудани шароити хуби таҳсил сафи хонандагони болаёқатро зиёд менамояд ва ҷавонони болаёқат ояндаи дурахшони ин кишвари маҳбуб маҳсуб ёфта, онҳо баҳри пешравиву шукуфоии ватани азизамон ва муаррифии Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳон саҳмгузорӣ менамоянд, афзуд директори муассисаи мазкур Суфиев Раҷабалӣ зимни сӯҳбат бо масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ.