Баргузории “Рӯзи мудофиаи гражданӣ” дар муассисаҳои таълимӣ

Восеъ:  

Дар доираи нақша-чорабиниҳои оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2024» ва такмили малакаи мустақилона амал намудан дар ҳама гуна вазъиятҳо дар муассисаҳои таҳсилотии ноҳия машғулиятҳо оиди пешгирии ҳолатҳои фавқулода доир гардида истодааст. Мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида ин бор дар муассисаи таълимии №34-и ноҳияи Восеъ "Рӯзи мудофиаи гражданӣ" бо тантана гузаронида шуд.Бояд қайд намуд, ки машғулиятҳо оиди пешгирии ҳолатҳои фавқулода аз ҷониби масъулин ва хонандагони муассисаи таълимии мазкур бо омодабошии хуб, дар сатҳи лозима ва бо риояи талаботҳо ва қоидаҳо зарурӣ гузаронида шуд.