Бартарафсозии оқибатҳои офати табии ҷараён дорад.

Восеъ:  

Давоми чанд рӯз мешавад, ки бо иштироки мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Орифзода Муҳаммад, кормандони шуъбаи маорифи ноҳия, омӯзгорону, кормандони хоҷагии муассисаҳои таълимӣ баҳри кӯмак ба оилаҳои зарардидаи аз офати табии дар ҷамоати деҳоти ба номи Гулистон камари ҳиммат баста хонаву, ҳавли ва дигар иншотҳои зарардидаро аз лойқа тоза намуда истодаанд. Бояд қайд намоем, ки саҳми занони ташкилоти ибтидоии “Шуъбаи Маориф”  низ баҳри шустушуи ҷиҳозҳо назаррас аст. Дар баробари расонидани кӯмакҳои ҷисмонӣ, кӯмакҳои молиявӣ низ дар ин самт назаррас мебошад.Бояд тазаккур дод, ки ин афроди зарардида аз иқдоми ҷавонмардонаи кормандони ташкилоти ибтидоии “Шуъбаи Маориф”-и ноҳия минатпазир гардида, дар ҳақи онҳо дуои хайр мегӯянд.