Занони хонашин бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Восеъ:  

Бо мақсади дидан намудан аз фаъолияти коргоҳи дӯзандагии “Ҳулбук” воқеъ дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсови ноҳияи Восеъ ва ҷиҳати бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳ.Р бо кормандони коргоҳ вохӯрӣ доир намуданд.

Бояд қайд намуд, ки ташкили коргоҳи дӯзандагӣ дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон, дар чаҳорчӯбаи амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар доираи солҳои 2022-2026, “Солҳои рушди саноат” ба роҳ монда шудааст ва коргоҳи дӯзандагии “Ҳулбук” дар асоси фармоиши мизоҷон сару либоси мактабӣ ва либосҳои кории соҳавӣ омода месозад. Дар ин муассиса бештар ҷавондухтарон ва занони хонашини маҳаллӣ, ки чирадаст мебошанду маҳорати хуби дӯзандагӣ доранд ба кор ҷалб гардиданд.

Зинми сӯҳбат бо аҳли кормандони коргоҳ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳ.Р. ташаббуси соҳибкорро муҳим арзёбӣ карда, бобати афзоиши маҳсулот ва ҷалби зиёдтари занони хонашин ба чунин корҳои даромаднок маслиҳатҳои муфид доданд.