Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа доштани дониш ва иттилооти фаровон аст. Мусаллам аст, ки дониш фақат бо роҳи хондани китоб ба даст меояд. Кишварҳои мутараққӣ ва рӯ ба тараққи пешрафту тавсеаи хешро мадюни хониш, омӯзиш ва дониш медонанд, чунон ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:
Қуввати мағриб аз илму фан аст,
В-аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст.
Тоҷикистони азизи мо низ дар солҳои охир барои дастрасии қишии васеи ҷомеа ба илму фан чандин омилҳои такомулдиҳандаи тафаккури ҷомеаро рӯи даст гирифтааст. Роҳбари давлатамон дар баробари дахл ба масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, илм, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш аз мақому манзалату ҷойгоҳи баланди китоб бештар ҳарф мезананд. Дар баромадҳояшон Ҷаноби олӣ чандин маротиба дастур доданд, ки "ҳар сол озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" - ро баргузор намуда, ба он доираи ҳар чӣ васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад". Натиҷаи ҳамин аст, ки сол аз сол шумораи китобхонаҳои бадеӣ ва китобхонҳо рӯ ба афзоиш дорад. Китобхона ганҷинаи ҳикматҳои бузург аст, ки ҳар кас бо умед аз дари он ворид мешавад. Ҳар касе, ки ба ин даргоҳи илму маърифат ворид мегардад, ба дунёи рангину зебоӣ ҳамроҳ мешавад. Бузургдошти китоб ва эҳтирому эътиқоди самимӣ ба он дар миёни ҷавонон аз нав реша пайдо менамояд ва чӣ хеле ки тоҷикон ҳамеша китобро дар радифи муқаддасоти миллат мегузоштанд, ҷавонони имрӯза ҳам инро дарк менамоянд.
Китоб шамъи дили инсон, роҳбару роҳнамои ӯ дар зиндагист, ки аз нури ӯ метавон неку бад ва нафъу зарарро шинохт. Бузургони мо дар васфи китоб даҳҳо ҳазор суханҳои баландмазмун гуфтаанд. Чунончӣ, Мавлоно Биноӣ мефармояд:
Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ,
Ки мусоҳиб бувад гаҳу бегоҳ.
Роҳатафзои ҷону роҳати дил,
Ҳарчи дилхоҳи туст, аз ӯ ҳосил.
Инчунин ҳамдами латиф кӣ дид,
Ки на ранҷа диҳад, на ранҷонад.
Ман ҳамчун як шаҳрванди мамлакат ва пеш аз ҳама ҳамчун падари чор нафар хонандагони муассисаи таълимӣ аз иқдомҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф инчунин китобхонӣ ва ҳамчунин аз ташаббуси Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид доир ба эълон намудани " Соли 2025 - соли фарҳанги китобхонӣ" хеле шод шуда, фарзандони худро дар рӯҳияи китобдӯстиву китобхонӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва дӯст доштани ин Ватану миллат роҳнамоӣ намуда, тарбия хоҳам кард.
САЙДАКРАМ ҲАЙДАРЗОДА - сокини ноҳияи Восеъ.