МАҚОМИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА НАЗАРРАС АСТ.

Восеъ: Андеша  

Санаи  28 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, ки бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парламенти кишвар ироа гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Яке аз масалаҳое,ки дар Паёми имсола ироа гардид дар бораи мақоми занон дар ҷомеаи кунони ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳоро дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ назаррас арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки онҳо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Ҳамаи ғамхори ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба занон, занонро водор месозад, ки саҳми худро дар пешрафти ҷомеъа дар тарбияи насли ояндасози кишвар саҳми муносиби худро гузоранд. Аз боло бурдани мақоми манзалати зан модар аз ҷониби Пешвои муаззами Миллат ва дар меҳвари Паём қарор гирифтани занон ба мо ҷавонон илҳоми тоза бахшида, моро водор месозад, ки эҳтиром ва қадру қимати зан модаро нигоҳ дорем.

Иботов Диловар-мудир бахши омори  КИ ҲХДТ дар н.Восеъ