КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ МИЁНИ ГУРӮҲИ ЗАНОН

Восеъ:  

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва бо мақсади захира намудани маводи хӯрокворӣ аз қабили ғалладонагӣ ва консерваҳои гуногун дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсови ноҳияи Восеъ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ бо як гурӯҳи занони хонашини деҳаи номбурда вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни вохӯрӣ бо занон Сафар Ҳафиза оиди самараноку мақсаднок истифода бурдани заминҳо, рӯёнидани ду-се ҳосил аз ҳар як ваҷаб замин, захираи маводҳои ғизоӣ, омодагӣ ба зимистон суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки ҳоло давраи ҳассосе мебошад, бояд дар ин давра тамоми аҳолии мамлакат ҳар як порча замини худро самаранок истифода бурда, ба ин васила саҳми хешро дар таъмини амнияти озуқаворӣ гузорад.