Забономӯзӣ оғози донишандузӣ аст.

Восеъ:  

«Забономузӣ санъат аст, на илм» мегӯянд. Забономӯзӣ танҳо гуфтугӯ нест. Он пеш аз ҳама донишандӯзӣ аст. Аз замонҳои пеш омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва забондонӣ аҳамияти хосаро касб намуда буд. Забондониро яке аз роҳҳои пешрафти ҷамъият медонистанд. Ҳамин аст, ки дар асрҳои гузашта донишмандони мо дар баробари хуб донистани забони хеш забонҳои халқҳои дигарро низ меомӯхтанд. Аксари бузургони миллати мо чандин забон ва хатти миллатҳои дигарро аз худ карда, бо он забонҳо асарҳои оламшумулу соҳибнуфузи илмӣ, адабӣ ва бадеӣ эҷод кардаанд. Ин раванд то ҳол аҳамияти худро аз даст надода, балки муҳимияти забономӯзиву забондонӣ рӯз аз рӯз вусъат ёфта истодааст.Дар ташкилоти ибтидоии “Шуъбаи Маориф”-и ноҳияи Восеъ дар рӯзҳои муқарраршуда омӯзиши фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар байни кормандони ташкилоти мазкур гузаронида мешавад. Дар ин омӯзиш тамоми кормандони ин ташкилот фаъолона ширкат варзида баҳри сайқал додани донишу маҳорати забондонӣ кӯшиш мекунанд.