МО ҶАВОНОН ПАЙРАВӢ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

Восеъ: Андеша  

Ман ҳамчун ҷавондухтари зодаи даврони Истиқлол, ҳамчун ҷавони саодатмандӣ диёр мефахраму меболам, ки дар чунин ватани тинҷу обод, дар фазои сулҳу субот, дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умр ба сар мебарам. Имрӯз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти ҷавонпарварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати мо ҷавонон ҳаду канор надорад.Ман ҳамчун як ҷавони фаъол минатдории самимонаву содиқонаи хешро ба Пешвои ғамхору ҷавонпарварамон мерасамонам, ки имрӯз зери дастгириву ғамхории Эшон мо боз ҳам рӯҳбаланд гардида, бо тамоми ҳастӣ саъю талош менамоем ки илму дониш омухта, ба боварии Пешвои миллатамон сазовор буда ва ҳамеша пайрави асили Пешвои муаззами миллат дар зери сиёсати ҷавонпарваронаашон ба халқу Ватанамон хизмати содиқонаву соофдилона менамоем. Ман даъват ба амал меорам ки Шумо низ ҳамсабақони азиз тамоми саъю талоши хешро намуда, дониш андӯхта, забонҳои хориҷиро аз бар намуда, саҳми беандозаи худро дар боло бурдани номи миллати тоҷик ва шаъну шарафи он гузоред.

Азизони Отамурод- Волонтёр аз ноҳияи ВосеЪ