ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Восеъ:  

Истифодаи дурусту самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ яке аз воситаҳои муҳими таъмини зиндагии шоистаи ҳар сокини мамлакат буда, инчунин заминаи хуби захирасозӣ барои фасли зимистон мебошад. Сокинони ноҳияи Восеъ суханони Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем» - ро шиори худ дониста, дар кори ҳамарӯзаи худ истифода намуда истодаанд. Сокинони меҳнатдӯсти ноҳия ҳатто дар замини наздимуаасиавӣ  кишти ҳама гуна сабзавотро ба роҳ мондаанд, ки ин иқдом сари вақтӣ буда, самаранок ва оқилона истифода бурдани заминро бозгӯ мекунад ва хонандагонро низ барои дӯст доштани замин ва меҳнату заҳмат кашидан баҳри ҳосили дилхоҳ ба даст овардан роҳнамоӣ менамояд.