Муассисаи таълимии томактабӣ бо лавозимотҳои обтаъминкунӣ таъмин гардид.

Восеъ:  

Об яке аз аломатҳои муҳимтарини зиндагӣ ба шумор меравад, ин беҳуда нест. Барои он, ки бе об ҳаёт низ дар сайёра вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин сабаб бояд ба он арҷгузорӣ намоем ва истифодаи онро сарфакорона ба роҳ монем, ки ҳар қатраи он дар ҷаҳони имрӯза арзиш дорад. Дар шароити имрӯза истифодабарии самарабахши об барои рушди устувор яке аз ҳадафҳои стратегии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо мақсади истифодаи самараноки об ва захираи он муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и  ноҳияи Восеъ бо лавозимотҳои обтаъминкунӣ таъмин гардиданд. Минбаъд муассисаи мазкур метавонад миқдории лозимии обро захира намуда, ҳамзамон самаранок истифода намояд ва аз норасоии оби тоза танқиси накашад.