Рафти панҷарабанди намудани атрофи муассисаи таълимии ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Шодмонию соҳибхирадӣ, бузургиву накӯандешӣ ва росткориву бузургдилӣ маҳз аз мактаб падид меояд. Онро муқаддасу пок, азизу гиромӣ доштан ва ободоу зебо гардонидан қарзи ҳар як инсони соҳибхирад аст.

Вобаста ба гуфтаҳои боло ва бо мақсади саҳм гузоштан дар ободиву зебогии муассисаи таълимӣ, инчунин бедор намудани ҳиссӣ зебоипарастии хонандагон маъмурияти муассисаи таълимии №33-и ноҳияи Восеъ ва бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша атрофи муассисаи таълимиро панҷарабандӣ намуданд.