Чорабинии ноҳиявӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ

Восеъ:  

Субҳи санаи 23-юми марти соли равон бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар маркази ноҳия як қатор чорабиниҳо ташкил ва гузаронида шуд.

Дар Гулгашти ноҳияи Восеъ бо иштироки раиси ноҳияи Восеъ муҳтарам Шарифзода Ҷамшед Раҳмон дар якҷоягӣ бо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон чорабинии бошукӯҳ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва чорабиниҳои фарҳангии Наврӯзи байналмилалӣ дидан намуданд.

Зимни баргузории чорабинӣ раиси ноҳия Шарифзода Ҷамшед ҳамагонро бо ин ҷашни бошукӯҳ, яъне Наврӯзи байналмиллалӣ табрику муборакбод намуданд ва ҳамзамон аз ҳунарҳои мардумии сокинон боздид ба амал оварда, ба мардуми заҳматкаши ноҳия баҳои баланд доданд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки Наврӯз ҷашни эҳёи табиат буда, фаротар аз дину фарҳангҳост ва ҳамин хусусияти волояш боис гаштааст, ки манзалати худро то замони мо аз даст надода, баръакс, дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар заминаи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шӯкуҳу ҷалоли хоса касб карда, мақоми байналмиллалӣ гирифт.