ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Восеъ:  

Санаи 23-юми марти соли ҷорӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Восеъ ҷашни байналмилалии Наврӯз ба таври хоса таҷлил карда шуд. Чорабинӣ дар майдони боғи фарҳангию фароғатии ноҳия бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, иштироки меҳмон ва чорабинии фарҳангӣ доир гардид.

Чорабинӣ бо баргузории роҳпаймоии тантанавӣ, бо созу наво оғоз гардид. Дар чорабини раиси ноҳияи Восеъ-Шарифзода Ҷамшед ва дигар намояндагони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия иштирок доштанд.

Дар ифтитоҳи ҷамъомад ҳозиринро Шарифзода Ҷамшед- раиси ноҳияи Восеъ ҳамаи сокинони ноҳияиро ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи мардуми ноҳияи комёбӣ ва иқболи наку таманно намуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамчунин, ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад.

Дар охир барномаи омода намудаи гулдухтарони ноҳия пешкаши иштирокдорон  гардонида шуд.