НАВРӮЗ ҶАШНИ ПИРӮЗӢ!

Восеъ: Андеша  

Наврўз бузургтарин ҷашни милли ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарњанги мардуми эронитабор ҳеч як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврўз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврўз пайвандгари насли имрўз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврўз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад.Тавре ки аз номи он бар меояд, Наврўз «рўзи нав» маъни дошта, дар аввал соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад. Наврўз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оѓози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рўз дар баҳор мебошад.Наврўз ҷашнест тамоми олами табиатро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин мо ба кишт кардан оғоз мекунанд. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, Соли нав фаро мерасад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Наврўзро дар аввали моҳи Фарвардиняташ, ки босолшумории имрӯзаи мо ба моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд. Аз таърихи ҷашни Наврӯз роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адаби ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эрони ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои арзишманд таълиф намуданд. Маълумоти мустақим ва пурмаъно дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём, “Осор–ул-боќия” ва “Ат-тафҳим”-и Абурайҳони Берунӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди Пешдодиро бунёд гузориро ҷашни Наврўз хонданд.

Наврўз шуду ҷумла ҷаҳон гашт муатар,

Аз буйи гулу лолаву райҳону санавбар.

Волонтёр аз ноҳияи Восеъ