Соати тарбиявӣ таҳти унвони “Наврӯз – ҷашни куҳану ҳамешаҷавон”

Восеъ:  

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 - и ноҳияи Восеъ ба муносибати Ҷашни бошукуҳи Наврӯзи фархундапай бо иштироки хонандагони муассиса Соати тарбиявӣ таҳти унвони “Наврӯз-чашни куҳану ҳамешаҷавон” баргузор гардид.Зимни баргузории соати тарбиявӣ хонандагон дар васфи Наврӯзи байналмиллаӣ шеърҳо ва сурудҳо қироат намуда, оиди таърих ва тамаддуни ин ҷашни ниёгон маърузаҳо хонаданд.Зимни баромади худ омӯзгорони муассисаи мазкур қайд намуданд, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ва мондагортарин ҷашнҳои миллӣ ба шумор меравад. Рисолатҳои Наврӯз таҳкими робитаи байни қавму миллатҳои гуногун ва ба истилоҳи имрӯза гуфтугӯи тамаддунҳо буда, аҳкоми наврӯзӣ ҳамчун фарҳангистони маърифат дар миёни халқу миллатҳои сайёра эътибори башарии ин ҷашнро сол аз сол афзун намуда истодааст.