ЛИБОСИ МИЛЛӢ-БОЗГӮЙИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳар миллату халқият дорои либосҳои миллӣ буда, ба фарҳанги волои ниёгони хеш арҷ мегузорад. Либоспӯшии тоҷикон, ки таърихи қадимӣ дошта, як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад, бозгӯ аз завқи зебоипарасти мардуми покнажоди тоҷик аст. Ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ, дустрӯякони ташкилоти ибтидоии “Оиша”-и ноҳияи Восеъ  либосҳои миллӣ ба бар намуда, дар аксияи “Тоҷикона мепӯшем” фаъолона ширкат варзиданд. Ба бар намудани либоси миллӣ аз хурдӣ дар дили наврасон меҳру муҳаббат нисбати фарҳанги миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги ниёгони хеш ва бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар дили наврасон мусоидат менамояд.