Тантанаҳои Наврӯзӣ дар ташкилоти ибтидоии “Оиша”

Восеъ:  

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаю миллии халқи тоҷик буда, таърихи зиёда аз шаш ҳазорсола дорад. Албатта ҳар як миллат вазифадор аст, ки ҷашну анъанаҳои миллии худро ҳифз намуда, таърихи онро омӯхта ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наминатсияи “Наврӯз” бори аввал соли 2009 дар феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт шуд ва ин ташаббус пазируфта шуд, баъди пазируфташавӣ дигар ҳоҷат ба муаррифии ин ҷашни қадима ва миллати тоҷик нест, чунки аллакай дар дунё Тоҷикистон бо қадимӣ будани миллату расму оинҳои худ машҳур аст.

Ҳамасола дар тамоми дунё ин ҷашни қадимаю овозадорро дар муассисаву корхонаҳои давлатӣ бо як шукуҳу шаҳомати беандоза ҷашн мегиранд. Ба ин мақсад санаи 19.03.2024 дар ташкилоти ибтидоии “Оиша” ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Қобили зикр аст, ки дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Восеъ-Шарифзода Ҷамшед иштирок намуда, иштирокчиёни чорабиро бо ин ҷашни ниёгон табрику муборакбод гуфт.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби дустрӯякони ташкилоти мазкур барномаи фарҳангӣ, иборат аз рақсу суруд, қироати шеърҳо ва саҳначаҳои ҷолиб пешкаши иштирокчиён карда шуд.