Вохӯриҳо доир ба мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҷараён дорад.

Восеъ:  

Санаи 19-уми марти соли равон дар саҳни муассисаи таълимии №33-и ҷамоати деҳоти ба номи Абди Авазови ноҳияи Восеъ вохӯрии судманд вобаста ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Восеъ,  корманди Вазорати Молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон –Умарзода Меҳрубон, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти Донишгоҳи Давлатии омӯзгории ба номи С.Айнии шаҳри Душанбе-Бердиев Шоҳназар, раиси ноҳияи Восеъ-Шарифзода Ҷамшед Раҳмон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ- Сафар Ҳафиза, муовинони раиси ноҳияи Восеъ, намояндагони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия, имомхатибон ва сокинон доир гардид.Дар маҷлис нуқтаҳои асосии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагон масъалаҳои мубрам аз қабили муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавонон, тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин мазмун ва мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, дар мавриди ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар корҳои сабзу хуррамгардонӣ, инчунин зиёд намудани корҳои хайру сахо дар моҳи мубораки Рамазон, бар ивази хароҷоти зиёдати дасти мадад расонидан ба ятимону маъюбон, эҳтиёҷмандону ниёзмандон ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.