Тарғибот -маҳаки асосии дарки ватандӯстии ҷавнон ва пешгирӣ аз амалҳои террористию ифтротгароӣ дар ҷомеа.

Восеъ: Вокуниш  

Рушди имрӯзаи ҷомеаи навини тоҷикон бо он, ки ҳамасола ба дигаргуниҳои куллии иқтисодию иҷмитоӣ бо дастрасии натиҷаҳои шоистаи истеҳсолӣ ба беҳдошти рузафзуни рӯзгори иҷтимоии мардуми кишвар мусоидаткунанда ба назар мерасад, аз талошу ҷадалҳои созандаи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон таъмини шароиту имкониятҳои боз ҳам муфид барои пешрафти ҷомеаи сарзамини тоҷикон башорат медиҳад. Воқеан, ҳар қадар дар мамлакат сулҳу субот, амну осоиштагии комил, устувории ваҳдати миллӣ ва вусъати раванду созандагиҳо барои фардои боз ҳам шукуфои ватани азизамон ҳукумрон бошад, ҳамон андоза умеди мардум ба ояндаи неки зиндагии шоистатари наслҳои аждодиамон қавитар гардида, неруи ҷисмонӣ ва завқи меҳнатию бунёдкоронаи онҳо меафзояд. Муҳимтарин ҳадафи давлату ҳукумати кишвар ҳам ба ин самти фаъолият нигаронида шудааст.Вале чун Тоҷикистони азизи мо ҳам узви соҳибҳуқуқӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, табиист, ки афзои сиёсию иқтисодии ҷаҳон ба раванди сиёсию иқтисодии мамлакати мо низ бе таъсир намемонад. Мову шумо ин нуқтаро хеле хуб дарк мекунем. Имрӯз аз афзои пурихтилофи ҷаҳони муосир, ки бо муноқишаҳои тезу тунди лафзӣ ва амалҳои ҷангии абадқудратҳо рӯ ба рӯ гардидааст, мардум аз хубӣ огоҳанд. Телевизиону радио, матбуоти даврӣ ва аз ҳама фаъолтар шабакаҳои иҷтимоӣ ин фазоро ба ҳар гуна сабку усул, ғаразноку холисона сабт карда, пешниҳоди аудитория, яъне ба таваҷҷуҳи мову шумо мерасонанд. Воситаҳои хабаррасон, ки ҳадафҳои гуногун доранд, фазои сиёсии оламро ноором месозанд ва дар бисёр маврид ба афкори солими ҷомеъа зиён мерасонанд. Мо оқибатҳои фоҷеангези муборизаҳои идеалогиро, ки аксаран тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандози мешаванд, борҳо дидем. Ба ёд биёред, чандсол қабл ба иллати паҳн шудани ақидаҳои номатлуби гурӯҳҳои ифротӣ, майнаи ҷавононро ба дуруғу бӯҳтонҳо “гиҷ” карда, оқибат садҳо нафар ҷавони аз аслияти дини мубини ислом ва маҳзаби таҳамулгарои ҳанафия ва расму оинҳои сирф миллии аз ниёгонамон расидаву моҳияти ахлоқиву тарбиявӣ доранд, ноогоҳ ва саводи кофии дунявӣ надоштаро, ба муноқишаҳои муссалаҳонаи Ироқу Сурия кашид. Муборизаи оштинопазир бо ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ки оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи онҳо боиси изтироби аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд амалӣ дастаҷамъонаи нерӯҳои ақлонии солими ҷомеаро тақозо дорад. Танҳо бо ҳамдастӣ метавон паҳншавии ақидаву реша давонидани аҷалгиёҳро аз марзҳои солими ҷомеа нест кард.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар муҳимтарин омилҳои ба рушди маънавии ҷомеа мусоидаткунанда пеш аз ҳама таҳкими ғояҳои давлатдории миллӣ, аз ҷумла бақои ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, омодагии қавии соҳибватанон дар ҳифзу марзу буми кишвар, ташаккули афкори ватандӯстонаю созандагиҳои диёр маҳсуб мешавад. Ин масъулият рисолати касбию шаҳрвандии ҳар соҳибватан аст. Ҳар узви ҷомеаи тозабунёди тоҷик бояд бо донишҳои замонавӣ аз қабили донистани технологияи компютерӣ, забондонӣ ва ҷаҳонбинии васеъ муссалаҳ бошанд. Дар ин роҳ саҳмгирии оила ва мактаб бештар зарур аст.

Ақидаи солим дар бораи таърихи миллату давлати тоҷик нахуст бояд аз забони падару модар ба гӯши фарзанд расад. Ҳамин нишонаҳи худшиносӣ баъдан дар мактаб тақвият ёбад. Ин занҷираи таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон-оила ва мактаб баробар амал карда камолоти инсонро такмил медиҳад. Маҳз ҳамин омил тақозо дошт, ки дар кишвар ҷараёни хеле маълумгаштаву таърихан ба маънавиёти тоҷикон созгор, яъне китобдустӣ ва ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ роҳандози карда шавад. Таъсиси озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ – китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” аз амалҳои шоиста дар ин самт ба ҳисоб мераванд. Баробари ин як рукни дигари устувории маънавиёти ҷомеа ба фаъолияти бонизому таъсирбахши гуруҳҳои тарғиботӣ сахт марбут аст.

Дуруст аст, ки дар ноҳия гуруҳҳои тарғиботӣ амал мекунанд, аммо ҳайати тарғиботчиён аз намояндагони кадом қишрҳои ҷомеаанд ва донишу ҷаҳонбинии онҳо дар кадом сатҳ қарор доранд ин суоли асосии матраҳшаванда аст. Тарғибот ҳамон вақт ба ҳадаф мерасад, ки ба ҷомеа таҳсигузор бошад. Ба афкори сомеон як ҷунбиш ворид созад, онҳоро ба андеша водор намояд, атрофи ин ё он масъала пурсише ё пешниҳоде баён кунанд. Вагарна, соатҳо гап зани тарғиботчиҳо маънии мақоли “ лой ба девори хушк намечаспад” – ро ба хотир меоред. Аз ин рӯ, зарур аст, ки аснои таъсиси гурӯҳҳои тарғиботӣ шахсиятҳои обуруманди донишманду сухангӯ, молики ҷаҳонбинии васеъ ва аз маърифати ҳуқуқӣ бохабар бештар ҷалб карда шаванд.Зеро афкори имрӯзаи мардум кушода аст ва аксаран аз шабакаҳои интернетӣ хабару гузоришҳои зиёди мухталифро тамошо мекунанду мешунаванд. Ҷойи пинҳон кардан нест. Мардум хусусан зиёиён аз гуфту гузоришҳои дуруғину бӯҳтонҳои мухолифини сарсахти хиёнаткори тоҷик, ки аз кишварҳои дури Аврупо истода, ба девори давлату миллати тоҷик санги маломат мезананд ва буздилона зери чодари сиёҳу маҳрамонаи хоҷагонашон “жож” хоҳӣ мекунанд огоҳанд. Аз ин рӯ тарғиботчиёнро мебояд бо ифшои ҳақиқати воқеии пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар дар солҳои охир ончунон бо санаду далелҳо ҷавоб гардонда тавонанд. Зӯрии тағрибочи ҳам ҳамин аст. Ба назди мардум рафтан масъулият аст. “Фиристода бояд, ки доно бувад”, - ин таъкиди ҳамосасарои Фирдавсии бузургро набояд фаромӯш кард. Вагарна пеши мардум мулзам мондан, шармандагист. Сари ин масъала мебояд, ки дар интихоби аъзои гурӯҳҳои тарғиботӣ масъулияти ҷидди зоҳир намуд.Дар маҷмӯъ дар татбиқи амалии ҷавҳари ғояи давлатдории миллӣ, ки муҳимитарин ҳадаф ва омили ташакули маънавиёти ҷомеа маҳсуб мешавад, насли бомаърифати калонсоли мо бояд дар сафи пеши муборизони идеалогӣ бошанд. Мову шумо вазифадорем, ки бо ҳама ҳастӣ аз дастоварди бузурги миллӣ-истиқлолияти комили давлатдории миллӣ шукургузорӣ намоем ва барои ҳифзу устувории сулҳу ваҳдати миллӣ, озодиву соҳибдавлатӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ боз ҳам бештар талош варзем. Дар ин сарзамини аҷдодӣ зистан шараф аст ва барои ояндаи боз ҳам шукуфоии ин Ватан содиқонаву софдилона заҳмат кашидану нақши боризи худро гузоштан шарафи бузургтарин аст.

Мирзозода Фаридун Баҳодур- муовини раиси ноҳияи Восеъ, аъзои фаъоли ҲХДТ.