Кӯр бод чами хоине, ки санги маломат ба сӯи миллати хеш мезананд.

Восеъ: Вокуниш  

Миллати тоҷик ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид, ки зарари ин ҷанги хонумонсӯз ба ҳар як оилаи тоҷик расидааст. Яке писарро дигаре падарро ва сеюмин ёру бародарро аз даст додаанд. Хоинону душманони миллати тоҷик мехостанд ин халқу миллатро тору мор карда аз байн баранд. Бо амри Худованди бузург аз байни халқ шахсеро ба мо ато намуд, ки ин миллат ва давлати тоҷикро аз парокандагӣ наҷот диҳад. Барои доғдор намудани ин миллату давлат душманони дохилие, ки бе нангу, беномусанд дар таҳти хоҷагону хориҷӣ аз пушти нафси худ санги маломат бар сари тоҷику Тоҷикистон мезанад. Ба чунин хоинони миллат махсусан Муҳиддини Кабирии хоин гуфтанием ту магар тоҷик нестӣ? Намебинӣ, ки халқи тоҷик дар оромию, осудагӣ зиндагӣ доранд. Бо ғамхориву, дастгириҳои Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқу- миллаташ ҷони худро дареғ надошта, ҳамаи халқи тоҷикро сарҷамь намуданд. Бо ташаббусу ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як Ватани биҳиштосо ва тамаддунофар табдил ёфта сулҳу амонӣ пойдор аст. Ба хоинони миллат гуфтанием, ки шахсе, ки сангу маломат ба миллату Ватани худ мезанад ва ба Ватану, модар хиёнат мекунад, ин аз рӯи одоби инсонӣ нест. 

Дар ҷое, ки қадами мубораки ғамхоронаи Пешвои миллат мерасад, он ҷо бунёдкорию созандагӣ, ғамхорию меҳрубонӣ нисбати Ватан ва миллати худ ҷой дорад. Мо халқи Тоҷикистон бо боварии том баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ медиҳем ва намегузорем, ки хоинони миллат ба Ватани азизамон осеб расонанд. Мо бо Пешвои миллати худ ифтихор дорем. Мо дар гирди Пешвои муаззами миллат будем ҳастем ва мемонем. Пайваста баҳри пешравии кишвари азизамон, баҳри тараққиёти он, баҳри номдору шуҳратмандии он сидқан талош менамоем.

Сафархони Муҳаббат-сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ