Маҷлиси ҷамъабасти сол дар ТИ “Боғчаи №6”

Восеъ: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии “Боғчаи №6”-и ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ маҷлиси ҷамъбастӣ ва ҳамзамон оиди нуқтаҳои асосии Паём вохӯрӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси баргузоргардида Шодибеги Идӣ-мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ иштирок намуданд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳо “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди мазмун ва мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ ва рӯёнидани 2-3 ҳосил аз он, захираи маводи кофии ғизоӣ барои давраи зимистон, инчунин оиди ташаббуси 5-уми Пешвои муаззами миллат дар бораи “Ҳифзи пиряхҳо” ва оид ба баромадҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ, минбари Созмони Миллали Муттаҳид, Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, зиёд намудани сафи аъзоёни ҲХДТ аз ҳисоби ҷавонон, ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои ташкилти ибтидоӣ тибқи Роҳнамо ва дигар масъалаҳо  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ва дар охир оиди масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.