ПАЁМ - РОҲНАМО БАРОИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Восеъ: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии “Ғофилобод-МТМУ №43”-и ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ маҷлиси ҷамъбастӣ ва ҳамзамон оиди нуқтаҳои асосии Паём вохӯрӣ баргузор гардид. Баъд аз баргузории маҷлиси ҷамъбастӣ Шодибеги Идӣ-мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ иброз дошт, ки маориф манбаи асосии рушди миллӣ буда дар тарбияи қувваи кории соҳибихтисос ва ташаккули иқтидори ҷомеаи босубот нақши ҳалкунанда бозида, таъминоти илм, истеҳсолот, мақомоти идора бо кадрҳои баландихтисос яке аз вазифаҳои муҳимтарини маориф ба ҳисоб меравад, зеро иқтидори зеҳнӣ ба омили муайянкунандаи рушди ҷомеа мубаддал мегардад. Таҷрибаи байналмилалӣ, дар навбати аввал дар кишварҳои рӯ ба инкишоф нишон медиҳад, ки манбаи асосии рушди босуръати иҷтимоию иқтисодии кишвар таҳсилоти миллат аст.

Дар идомаи маҷлис масъалаҳо “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди мазмун ва мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ ва рӯёнидани 2-3 ҳосил аз он, захираи маводи кофии ғизоӣ барои давраи зимистон, инчунин оиди ташаббуси 5-уми Пешвои муаззами миллат дар бораи “Ҳифзи пиряхҳо” ва оид ба баромадҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ, минбари Созмони Миллали Муттаҳид, Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, зиёд намудани сафи аъзоёни ҲХДТ аз ҳисоби ҷавонон, ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои ташкилти ибтидоӣ тибқи Роҳнамо ва дигар масъалаҳо  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ва дар охир оиди масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.