ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ШУЪБАИ МАОРИФ”

Восеъ: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шуъбаи Маориф"-и ноҳияи Восеъ маҷлис оиди ҷамбасти фаъолият дар соли 2023 доир гардид. Дар маҷлиси мазкур мутасаддиёни КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, роҳбари ташкилоти ибтидоӣ ва аъзоёни ташкилот иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар кори маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуъбаи Маориф” оид ба  фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давоми соли 2023 шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Зимни суханронӣ намояндаи Кумита фаъолияти ташкилоти болозикрро дар соли 2023 қаноатбахш ҳисобида, ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои нақшаи корӣ барои соли 2024 тавсияҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин аснои суханронӣ атрофи мавзӯҳои ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии майли ҷавонон аз ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, оиди шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва дигар мавзӯҳои рӯзмарра ибрози андеша намуда, изҳор доштанд, ки моро лозим аст, ки барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеод дастаҷамъона талош намуда, дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбуби миллат баҳри пойдории сулҳу осоиштагии кишвар ва пешрафту тараққиёти он камари ҳиммат бубандем.