КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳияи Кӯшониён то ба ҳол идома дорад. Вобаста ба меъёрҳои муосир мутобиқ намудани ҳолати роҳҳо, истгоҳҳо мумфаршкунӣ воқеъ дар назди ташкилоти ибтидоии “Бӯстонкалъа”ба иҷро расонида шуд.

Аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бародарон Мӯъмин ва Сафаралӣ Давлатовҳо бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва ободониҳои Ватани азизамон тасмим гирифтанд, ки дар маҳали худ саҳмгузорӣ намуда, роҳи деҳаи Боғпаравари ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаро бо масофаи 1 км мумфарш ва 1 км сангфарш намоянд.

Бояд қайд намоем, ки таъмиру азнавсозии роҳҳои деҳаву маҳаллаҳо бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи ноҳия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастур ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараён аст.