ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Кӯшониён бахшида ба рӯзи омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва дигар кормандони ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» иштирок намуданд.

Чорабиниро мудири шуъбаи маорифи ноҳия Валиев Б. ифтитоҳ намуда, мақому манзалати омӯзгор, нақши омӯзгор дар тарбияи насли ояндасози миллат, ақидаҳои бузургон дар бораи омӯзгор, баланд бардоштани сатҳу сифати донишомӯзии хонандагон андешаронӣ намуда, қайд намуд, ки касби омӯзгорӣ дар ҳама давру замон касби пурифтихор ва пурмасъулият буда, омӯзгор нафарест, ки чун шамъ месӯзад, то ба шогирдон ва ояндаи эшон зиё бахшад.

Ҳамзамон муовини раиси ноҳия Шукруллозода Д., раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода М.Ш. ва директорони муассисаҳои таълимӣ омӯзгоронро бо иди касбиашон табрику шодбош намуданд.

Як қатор кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорони пешқадам бо нишони аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Ифтихорномаву Сипосномаҳои шуъбаи маорифи ноҳия ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон барномаи фарҳангию фароғатии бахши Фарҳанги ноҳия табъи ҳозиринро болида намуд.