САРБОЗИ ИХТИЁРИИ ҲХДТ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар қатори дигар ихтиёриён сарбози ихтиёрии ҲХДТ аз ҷамоати деҳоти Кушктеппа, деҳаи Ғурулдӣ Маҳмадназаров Муҳамадҷон низ, дар “Рӯзи даъватшаванда” иштирок намуд.

Аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ба ин наваскар супоридани шаҳодатномаи Сарбози ихтиёрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои иштирокчиён ҷолибу назаррас буд.

Боиси зикр аст, ки дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳавасмандгадонии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҳамчун ташаббуси навбатӣ Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ татбиқ мегардад.

Дар воқеъ барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҷасорату мардонагӣ, аз ҷумла хизмати ихтиёрии ҳарбӣ зарур аст, ки механизмҳои муосири идеологӣ, муносиб ва дастрас ташаккул дода шавад. Яке аз чунин механизмҳоро метавон механизми халқӣ ва ё ҷамъиятии сафарбарнамоии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ном гузошта, онро бо истифода аз иқтидории ташкилии сохторҳои идеологӣ (ҳизбӣ), аз ҷумла истифодаи раисони ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаву деҳот ва кумитаҳои маҳаллаву деҳот бевосита амалӣ намуд.

Дар умум, 12 қадаме, ки Роҳнамо муайян кардааст, татбиқи онҳоро масъулон қабул доранд ва ҳатто зимни суханрониҳо саривақтӣ будани чанде аз онҳоро, - ба мисоли фаҳмондадиҳии сокинон-волидони даъватшавандагон, ҳавасмандгардонии ҷавонон барои хизматри ҳарбӣ ва волидони онҳо барои сафарбар кардани фарзандон ба хизмат – иброз менамоянд. Аммо дар амал ин усулҳо содда баҳогузорӣ шуда, барои татбиқ кам пайгирӣ мегарданд. Татбиқи санҷишии Роҳнамо нишон дод, ки дар сурати зина ба зина кор бурдан, ҳавасманд гардонидани ҷавонон, дилгарм кардани волидон дар ин самт ба даст меояд.