ТОЗАГИИ АТРОФ - ОМИЛИ БЕҲДОШТИ САЛОМАТӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар корҳои оббодонӣ имрӯз бо иштироки ҳамаи кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун дар назди бинои ҳизби ноҳия шанбегӣ баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар шанбегии мазкур гирду атрофи бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия рубучин карда шуда, аз ҳаргуна ифлосиҳо тоза намуда шуд. Инчунин бо мақсади зебо гардонидани атрофи бино дар назди даромадгоҳ гулҳои ороишӣ шинонида шуд.