Саҳми вакили ноҳиявӣ дар сангфаршкунии роҳҳои деҳа

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Восеъ корҳои созандагиву бунёдкорӣ то ба ҳол идома дорад. Дар чунин корҳои созандагӣ саҳми вакилони ноҳиявӣ хеле зиёданд. Яке аз вакилони хайрхоҳу саховатпеша, ки пайваста дар коҳои хайр саҳми муносиби худро мегузорад Азизов Саймухтор мебошад. Ин марди саховатпеша ин бор барои сангфарш намудани 400 метр роҳи маҳаллаи навбунёди деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистон саҳми хешро гузошт.

Мавриди зикр аст, ки бештари мушкилиҳои мардуми деҳа дар асоси дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо дастгирии чунин нафарони хайрхоҳ ҳал мегардад.