ТАЙЁРӢ БА ФАСЛИ САРМО

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираи маводи сухт барои фасли зимистон дар деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Кангурт аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Кангурт Ширмои Маҳмасаид мушоҳида шуд, ки сокинони деҳа барои сипарӣ намудани фасли зимистон тайёрии хуб дида истодаанд. Сокинон зимни сӯҳбат иброз доштанд, ки дар заминҳои назди хона ва хоҷагиҳояшон меҳнат карда аз ҳисоби дарахтони хушкшуда барои замистон ҳезум ҷамъоварӣ намуда, ҳамчунин коҳу алафи хушкшуда низ барои чорводориашон захира намудаанд. Инчунин сокинони деҳа натиҷаи меҳнаташонро дар беҳдошти шароити зиндагиашон мебинанд.