МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Муовини раиси ноҳияи Кӯшониён Шукруллозода Дилафрӯз дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Валиев Бобоҷон бахшида ба “Стратегияи муқовимат бо коррупсия” бо муҳосибони муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъулин қайд намуданд, ки мубориза бар зидди коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он аз бисёр омилҳо ба мисли дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу шуурнокӣ ва фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа, сатҳи воқеии зиндагӣ вобаста аст.

Моро мебояд, ки тарғибу ташвиқи зиддикоррупсиониро зиёд намуда, чораҳои мақсадноки фаҳмондадиҳии муқовимат бо коррупсияро дар байни ҷомеа ҷоннок намоем.