ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ “ ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ ”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зери унвони аксияи “Якҷоя месозем!” корҳои ободони, бунёдкори ва созандагӣ бо маром идома дорад. Аз ҷониби аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Ҳақиқат”-и деҳаи Правда Ҷамоати деҳоти Иттифоқ бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳал, аз ҷониби сокинони деҳа лавҳаи сарироҳи барои шиору овезаҳо сохтмон гардида истодааст.

Инчунин фаъолони маҳал дар корҳои ободонӣ, аз ҷумла соҳилтозакунӣ, обёрии муассисаи таълими, таъмири роҳу купрукҳо ва иштироки фаъолона дар шанбегиҳо ва аксияҳои ҳизбӣ иштироки фаъолона доранд.