Аёдати гузаштагон-ин амалӣ хайр аст

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён санаи 25-сентябри  соли 2022 якҷоя бо ташкилотҳои ибтидоии «Биноӣ», “Зафар”, “Заркамар”, “Фирдавсӣ”, “Чорбоғ”, “Куҳандиз”, “Дӯстон”, “Роҳи нав  ва “Гулистон”,  оид ба тоза намудани дохил ва атрофи Оромгоҳҳо аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  “Рӯзӣ Ёдоварӣ” доир карда шуд. 

Дар чорабинии мазкур  раиси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобуддин, мудири бахши кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода М, роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан”,  раисони маҳалла ва Имоми масҷидҳои паҷвақта иштирок намуданд. Пеш аз оғози чорабинӣ иштирокдорон даст ба дуо бардошта дар ҳаққи гузаштагон ва барои  тинҷиву омонии кишвар,   Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дуои хайр намуданд. Қайд карда ба маврид аст, ки дар ин рӯз беш аз 2 ҳазору 341 нафар сокинон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба оромгоҳи деҳаҳои Гузариболо, Ғишткупрук, Қиёт, Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав, деҳаҳои, Саветобод, Чипарии Ҷамоати деҳоти Заркамар ва деҳаҳои Доққӣ, Бобоҷон Ғафуров, Баҳористон ва Нусратулло Махсуми Ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлол,  Фароғат ва Роҳи нави Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён барои тоза намудани гирду атрофи ин оромгоҳҳо баромада, , саҳми арзандаи худро дар ин амали нек гузоштанд. 

Ёдовар мешавем, ки ин чорабинии мазкур оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони “Рӯзӣ ёдоварӣ” дар оянда низ аз ҷониби масъулин дар дигар маҳаллаҳои ноҳия ташкил ва гузаронида мешавад.