ГАРДИШИ ҲИЗБӢ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Кангурт бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид вохурӣ баргузор гардид. Масъулини Ҳизбӣ дар рафти вохурӣ аз мақсаду маром, ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатнигорӣ суханронӣ карда, инчунин оиди дастовардҳои даврони Истиқлол, кишти такрорӣ, захираи хӯрока, тарбияи дурусти фарзандон, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳизбҳои ифротӣ ёдовар шуданд.