"РӮЗИ ЁДОВАРӢ" НИШОНА АЗ ҚАДРДОНИИ ГУЗАШТАГОН АСТ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25.09.2022 дар асоси қарор ва дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ, бо ташабуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар деҳаи Н. Махсум ҷамоати деҳоти Яккатут бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, волонтёрон ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир гардид, ки дар он зиёда аз 100 нафар иштирок намуда, дар тозаю обод гардонидани оромгоҳи деҳа саҳм гузоштанд.

Аксияи мазкур, дар аксарият маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гузаронида шуд.