КӮМАК БА СОХТМОНИ БИНОИ МАЪМУРИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар шароити кунунӣ яке аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи ояндасоз вусъат бахшидан ба таъмини рушди иқтисоди миллӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва амалӣ намудани ташаббусҳои ҳизбӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки солҳои охир муҳимтарин даврони пешрафту дастовардҳо ва ташаббусҳои созандаи ҳизбиён ба шумор меравад, ки дар ин давра ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 28 ташаббуси созанда роҳандозӣ гардидааст.

Яке аз муҳимтарин иқдомҳои ҳизбиён дар давраи корҳои бузурги созандагӣ бунёди биноҳои маъмурии муҷаҳҳаз бо технологияи замонавӣ мебошад. Айни замон корҳои сохтмони дар бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара дар марҳалаи анҷомёбӣ қарор дорад .

Боиси ифтихор аст, ки иншооти мазкур бо дастгирии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, фаъолони ҳизб, вакилон , соҳибкорону саховатмандон бунёд шуда истодааст.

Узви Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Кӯшониён муҳтарам Вализода Икромиддин Сироҷиддин бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати кӯмак намудан ба сохтмони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ташриф намуданд.

Ин навбат ба сохтмончиёни иншооти мазкур маводҳои ғизоӣ аз қабили орд, равған, картошка, пиёз, макарон, биринҷ, наск, лубиё, нахуд, ва ғайраҳо кӯмак намуда, саҳми саховатмандонаи худро гузоштанд.

Чанде қабл аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён низ чунин амали хайрандешона амалӣ гардида, сохтмончиён бо маводҳои ғизоӣ таъмин гардида буданд.

Ҳамзамон кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар ҳашари дастаҷамъона иштирок намуда , дар корҳои ободонӣ, рангуборкунӣ, сабзгардонӣ, боркашӣ ва дигар корҳои бинои мазкур ёрии амалии худро расониданд.

Чунин иқдомҳои неку саховатмандона ва хайрхоҳона ҷиҳати сохта ба истифода додани бинои маъмурии ҳизбӣ амалҳои неки инсонӣ буда, ба корҳои созандагию бунёдкори вусъати тоза мебахшад.