Пос доштани оромгоҳҳо яке аз анъанаҳои неки миллиамон мебошад.

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25-сентябри соли 2022 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, дар аксарият ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия Аксияи "Рӯзи ёдоварӣ" бо иштироки волонтиёрон, ва сокинон гузаронида шуд. 

Пос доштани оромгоҳҳо яке аз анъанаҳои неки миллиамон мебошад ва моро зарур аст, ки насли имрӯзаро дар руҳияи хештаншиносию худогоҳии миллӣ тарбия намоем, то ин ки аз гузаштагони худ мероси илмию ахлоқӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои миллати куҳанбунёди тоҷикро омӯзанд ва аз гузаштагони худ ифтихор намоянд.