Баргузории "Соати сиёсӣ" дар МТМУ-и №46

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи  тақвими амалиёти муштарак байни сохторҳои ҲХДТ ва маориф дар ҳудуди Вилояти Хатлон имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Темурмалик хонишҳои сиёсӣ, ки рӯзи шанбеи охири ҳар моҳ гузаронида мешаванд, баргузор шуд.

Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 дар деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Кагурт дарси соати сиёсӣ бо иштироки 80 нафар хонанда ва 9 нафар омӯзгор,  аз ҷумла раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, омӯзгорону волидони хонандагон баргузор гардид.    

Қайд кардан зарур аст, ки дар чорабинии мазкур вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон, хусусан муноқишаи марзӣ дар сарҳадидавлати Тоҷикистону Қирғизистон суҳбатҳо гузаронида шуд.