АМАЛИЁТИ МУШТАРАК ДАР АМАЛ ТАТБИҚ ГАРДИД

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасону ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Шаҳритус  бо иштироки шахсони соҳибмаърифату донишманд, омӯзгорони соҳибтаҷриба ва собиқадорон  амалиёти муштараки ҳизбии  "Соати сиёсӣ" доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки зимни суҳбат масъулин дар бораи вазъи имрӯзаи сарҳади Тоҷикистону Қирғистон, ҳамсоякишвари мо давлати Исломии Афғонистон, вазъи сиёсии ҷаҳон, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, таъмини волоияти қонун ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ ва муқовимат ба ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ва тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон  андешаронӣ карда,  наврасону ҷавононро барои дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафту ободии ин сарзамини аҷдодӣ ҳамчун  ворисони  аҳли башар раҳнамоӣ карданд.