ШАҲИДЕ АЗ ТАБОРИ РОДМАРДОН

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Абдуллоев Саидмуъмин зодаи деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик, ронандаи фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолзода Бобоҷон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баҳри ҳимояи марзу буми Ватан аз тири душман қаҳрамонона ҳалок шуд.

Бегоҳии дирӯз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик барои аёдати наздикони Саидмуъмин Абдуллоев ба хонааш рафта, аз шуҷоату мардонагӣ ва корнамоиҳои ӯ ёдоварӣ намуда, дар ҳаққаш дуову фотиҳа намуда, ба аҳлу пайвандони марҳум изҳори тасаллияту ҳамдардӣ баён намуданд. Корномаи ҷавони ватандӯст барои ҳазорон ҷавонони тоҷик сабақи ватандӯстиву ҷавонмардист.